РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14546)

Ҳуваллоҳ! Худовандо, Раҳимо, Каримо! Ибодатро ба сарчашмаи ҳаёти абадӣ бирасон ва аз азби Фурот саршор кун бандагонатро дар хулди барин дохил фармо ва аз шароби каъси кона мизоҷуҳо кофуран сармаст кун. Қулубро ба анвори раҳматат нуронӣ кун. Дидаҳоро равшан намо. Нуфусро масдари илҳомоти Ҳайи Қадир фармо ва арвоҳро маҳобити улуми ладуннӣ. Абвоби Малакутиро бар қулуби ёронат боз кун, ва ба ҳидояти кубро фоиз намо. Фақиронро аз баҳри бахшишат насибе деҳ, ва аз рашаҳоти дарёи бениҳоятат вуҷудоти олами кавнро тароват ва латофат бахш. Туӣ Бахшанда ва Тавоно ва Туӣ Доно ва Бино.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14547)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ба ҷунуди Малаъи аъло нусрат намо ва ба ҷавиши малоика муҳаббат ва сафо иноят кун. Нағамоти қудс бифирист ва маҳофили унс муаттар намо. Файзи қадим мабзул дор ва фавзи азим шоён намо. Нури ҳақиқат ҷилва деҳ. Дидаи аҳли басират рӯшан кун. Оҳанги Малакути Абҳо ба гӯш расон ва ҳар дилтанги олами аданиро хушвақт кун. Абри раҳмат бифирист. Борони мавҳибат бибор. Чамани ҳидоят биоро. Раёҳини маонӣ инбот кун, ва султони гулро тоҷи мавҳибат бар сар неҳ, ва булбулони руҳониро ба ғазалхонӣ бихон, ва ҳақоиқ ва маонӣ таълим деҳ. Туӣ Парвардигор, Туӣ Кирдигор, Туӣ маҷалли Тур дар кишвари анвор.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14548)

Ҳуваллоҳ! Илоҳӣ, гувоҳӣ, ки орзуи мушоҳидаи анвор кунам ва таманнои идроки асрор.Аз бегонагӣ безор намо  ва ба ягонагии Хеш ошно ва комкор фармо. Ғамхорам ғамгусорӣ кун, хоксорам бузургворӣ намо. Яздони Меҳрабонам Туӣ, бахшише бахш, ки рухам тобанда ва дурахшанда гардад ва зиндагии поянда муяссар шавад.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14549)

Ҳуваллоҳ! Эй Ҳаййи Тавоно, паноҳи гунаҳкори ва Бахшанда ва Омурзгор, мо ғарқи хатоем ва Туӣ дарёи ато, мо дар зуламоти исёнем ва Ту офтоби фазл ва эҳсон. Парвардигоро, назар ба қусур мафармо ва ба ҳасби лаёқат ва аҷзи мавфури мо маъмул мадор, залилем ва алил азиз кун, ҷалил фармо, дармон бахш, дарёқи аъзами афв ва ғуфрон мабзул дор. Омурзгоро, ба исён магир, ҳар ҳайронеро Ту муҷирӣ ва дастгир. Аз олами носут безор намудӣ дар ҷаҳони малакут комкор кун, аз ҳайизи офот раҳонидӣ, ба гулшани алтоф бирасон. Туӣ Бахшанда ва Диҳанда, ва Раҳонанда, ва Поянда, ва Меҳрабон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14550)

Ҳуваллоҳ! Худоё, мо заифем, Ту қавӣ кун. Мо нодонем, Ту доно фармо. Худоё! Фақирем, ғанои малакутӣ деҳ. Худоё! Мурдаем, ҳаёти сармадӣ бахш. Худоё! Зиллати маҳзем, дар малакут азиз фармо. Агар таъйидоти осмонӣ шомил гардад, ҳар як аз мо ситораи дурахшанда гардад, ва илло аз хок пасттар шавад. Худоё! Таъйид кун, нусрат фармо. Моро ғолиб бар нафс ва ҳаво кун ва аз олами табиат наҷот деҳ. Худоё! Ба нафасоти Руҳулқудс зинда фармо, то ба хидмати Ту қиём намоем ва ба ибодати Ту машғул гардем ва ба ниҳояти сидқ ва сафо ба интишори осори малакутат пардозем. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14551)

Ҳуваллоҳ! Эй Пок Яздони ман! Ин ёрони бовафо мафтуни рӯи Туанд ва маҷнуни мӯи Туанд ва саргаштаи кӯи Ту ва ташнаи ҷӯи Ту. Назари инояте фармо ва мавҳибате мабзул дор, ки ҳар дам руҳи ҷадиде ёбанд ва ҳаёти бадеъ хоҳанд, ба васоё ва насоеҳи Ту пардозанд, ва дарси ишқ ва муҳаббат биомӯзанд, ва ба муҷиби таолими раҳмонӣ равиш ва сулук намоянд. Эй Худои Меҳрабон! Ин бандагон аз бевафоён ҷафо диданд, ва дар ҳар рӯзe балоё кашиданд, ва таҳаммули машаққатҳои бепоён намуданд, ва сабр ва таҳаммул карданд, ва забон ба шукрона кушоданд, ва аз шиддати муҳаббатат гиристанд, ва хандиданд, ва дар ниҳояти сурур ва башошат оташи зулм ва ситамро гулзор ва гулшан ёфтанд. Чун ғунча шукуфтанд ва монанди гул ҷилва намуданд. Эй Худованди Якто! Ин нуфуси мутмаинаро ҷоми ато бахш, ва ин қулуби розияи марзияро нашъаи саҳбо эҳсон кун, то ёди камол ва ҷамолат бода гардад, ва ба нағма ва тарона пардозанд, ва сомеъинро фараҳ ва валаҳ бахшанд, ва толибонро ба ҷазб ва тараб оранд. Ҷоми ишқ ба давр оранд ва бодаи сурур ва шодмонии абадӣ бинӯшанд, ва бинушонанд. Худоё, ин мустамандонро тавонгар фармо ва ин мазлумонро арҷманд кун, ва ин саргаштагонро сару сомоне деҳ, ва ин маҳзунонро сурури абадӣ бахш. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Бахшанда ва Меҳрабон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14552)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Таъйид бахш ва тавфиқ иноят кун. Ин абри тираро зоил кун ва ин ғамоми ҳоилро муталошӣ ва ботил. Насими ҷонбахш бивазон ва дилҳои мурдаро зинда кун. Борони раҳмат бибор ва ин гиёҳи афсурдаро  таровати тоза намо. Ҳадоиқи қулубро ҷаннати Абҳо кун ва ҳақоиқи нуфусро риёзи Малаъи аъло. Эй Қадир! Раҷои ин абдро бипазир. Туӣ Тавоно, Туӣ Беҳамто.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14553)

Ҳуваллоҳ! Эй Раҳмон, Эй Раҳим!  Дили чун миръот латифи софе ато кун, то ба анвори муҳаббатат равшан ва мунир гардад, ва ба илҳомоти руҳония ва маънавия малҳам фармо, то олами вуҷудро чун биҳишти барин намояд.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14554)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин ёронро бинавоз ва ба оташи ишқ бигудоз ва ба розат дамсоз намо. Мавҳибати Малакути Абҳоят ройгон кун ва раҳмати Уфуқи Аълоят шоён фармо. Зеро мунҷазиби Ҷамоли нурониянд ва зинда аз нафаси раҳмонӣ. Сабзаи чаманзори ҳақиқатанд ва шукуфаи бӯстони маърифат. Овораи Туанд ва бечораи Ту. Уфтодаи Туанд ва дилдодаи Ту. Дар зилли ҷаноҳи аҳадиятат аз имтиҳоноти шадида ҳифз фармо ва дар паноҳи раҳмониятат аз ҳаводиси замона маҳрус дор. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Ҳозир ва Бино.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14555)

Ҳуваллоҳ! Эй Дилбари меҳрабон! Пок Яздони ман! Аз фазли бепоён имон ва иқон бахшидӣ ва абвоби ирфон гушудӣ. Ҷон башорат ёфт. Дил масаррат ҷуст. Дида бино шуд. Гӯш шунаво гардид. Анвори ишроқ мушоҳида шуд. Оҳанги Малаъи aъло истимоъ гардид. Яздони меҳрабоно! Чун ҳидоят шоён намудӣ ва иноят ройгон фармудӣ, дар паноҳи Хеш паноҳ деҳ ва интибоҳ бахш. Аз ағёр маҳфуз дор ва аз ашрор масун кун, то ҳамвора бо ёрони дил ва ҷон муонисат кунем ва бо аҳли истиқомат муҷолисат намоем ва рӯз ба рӯз бар муҳаббатат бияфзоем. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Қодир ва Азиз ва Бино ва Шунаво.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14556)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Эй Паноҳи оворагон! Ту огоҳи фиғон ва оҳи субҳгоҳӣ. Инояте фармо ва раҳмате кун, то ҷонҳои муштоқон ба малакути аҳадиятат бишитобанд ва арвоҳи оворагон дар сояи раҳматат биёсоянд. Фурқати пурҳирқат ҷонро бигудозад, ва ҳирмон ва ҳиҷрон равонро мурда ва пажмурда намояд.Пас, Эй Худои меҳрабон, таъйиде бахш ва тавфиқе деҳ, то аз ин дом ва дона бираҳем ва ба ошёнаи раҳмат барпарем, ва дар шохсори ваҳдат, дар ҳадиқаи иноят ба анвоъи алҳон ба маҳомид ва нуути Ту машғул гардем.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14557)

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди Меҳрабон! Ин дилро аз ҳар тааллуқе фориғ намо. Ва ин ҷонро ба ҳар башорате шодмонӣ бахш, аз қайди ошно ва бегона озод кун, ва ба муҳаббати Хеш гирифтор намо. То ба куллӣ шайдои Ту гардам ва девонаи Ту. Ҷуз Ту нахоҳам ва ҷуз Ту наҷӯям ва ба ғайр аз роҳи Ту напӯям ва ба ҷуз рози Ту нагӯям. Монанди мурғи саҳар дар доми муҳаббати Ту гирифтор гардам, ва шаб ва рӯз бинолам, ва бизорам, ва бигирям, ва бигӯям: « Ё Баҳоул– Абҳо!»

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14558)

Ҳуваллоҳ! Худованди меҳрабоно! Ин ҷамъ дар зилли раҳмати Туанд ва ин нуфус мутаваҷҷеҳ ба малакути Ту. Худоё, бандагонем, карам иноят кун. Фақиронем, аз канзи осмонӣ бахш. Нодонем, аз ҳақоиқи ашё далолат кун. Заифем, қуввати осмонӣ расон. Фонӣ ҳастем, ба олами бақо дарор. Муҳтоҷем ва мунтазири тайиди Ту. Агар иноят расад, қатра дарё шавад; зарра офтоб гардад. Агар аз алтоф маҳрум монад, аз ҳар чиз бебаҳра ва насиб шавад. Пас, иноят кун ва марҳамат фармо, то алами ваҳдати олами инсонӣ баланд намоем ва нуронияти осмонӣ Шарқ ва Ғарбро иҳота кунад. Ҷамеъи аҳзоб муттаҳид шаванд ва ҳаёти абадӣ ҷӯянд ва тарвиҷи ваҳдати олами инсонӣ намоянд ва сулҳи умумӣ интишор диҳанд. Туӣ Карим! Туӣ Муътӣ! Туӣ Меҳрабон!

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14559)

Ҳуваллоҳ! Эй Бениёз! Ёронро маҳрами роз намо ва оинаи ғаммоз кун, то дар ҷаҳон нағма ва овозе андозанд ва оҳанг ва шаҳнозе бинавозанд, ки ҷаҳони вуҷуд ба эҳтизоз ояд, ва дилбари ваҳдати инсонӣ парда барандозад, ва дар анҷумани олам ҷилва намояд.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14560)

Парвардигори меҳрабоно! Шукр Туро, шоҳроҳи ҳидоят бинамудӣ ва абвоби малакут бикушудӣ ва ба воситаи Шамси Ҳақиқат таҷаллӣ фармудӣ. Кӯрон бино намудӣ ва карон шунаво кардӣ, мурдагон зинда фармудӣ, ва фақирон ағниё кардӣ, гумроҳонро роҳ бинамудӣ, ва ташнагонро ба чашмаи ҳидоят далолат кардӣ, моҳиёни лабташнаро ба дарёи ҳақиқат расондӣ, ва мурғони овораро ба гулшани иноят даъват фармудӣ. Парвардигоро! Ҷамъе ҳастем, бандагони ту ва фақирони Ту, дуруфтодаем, муштоқони Ту, ташнаи чашмаи Туем ва дардманди дармони Туем. Дар раҳи Ту қадам ниҳодем ва мақсад ва орзуе, ҷуз нашри нафаҳоти Ту надорем, то нуфус фарёди «Иҳдинос– сиротал– мустақим» бароранд ва дида ба мушоҳидаи анвор рушан намоянд, аз зуламоти ҷаҳолат бираҳанд ва тоифи ҳавли сироҷи ҳидоят гарданд. Бенасибон насиб баранд ва маҳрумон маҳрами роз шаванд. Парвардигоро! Ба айни иноят назар фармо. Таъйиде осмонӣ фармо. Нафасоти Руҳулқудс мабзул дор, то ба хидмат муваффақ гардем ва монанди ситораҳои рушан дар ин ақолим ба нури ҳидоят бидурахшем. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Олим ва Бино.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14561)

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди Меҳрабон! Ба фарёди бечорагон бирас. Эй Пок Яздон бар ин атфоли ятим раҳм фармо. Эй Худованди Бениёз! Ин сели шадидро қатъ кун. Эй Холиқи ҷаҳониён! Ин оташи афрӯхтаро хомӯш кун. Эй Додрас! Ба фарёди ятимон бирас. Эй Довари Ҳақиқӣ! Модарони ҷигархунро тасаллӣ деҳ. Эй Раҳмони Раҳим! Бар чашми гирён ва дили сӯзони падарон раҳм намо. Ин тӯфонро сокит кун, ва ин ҷанги ҷаҳонгирро ба сулҳ ва оштӣ мубаддал фармо. Туӣ Бино ва Шунаво.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14562)

Ҳуваллоҳ! Эй Пок Парвардигори Меҳрабон! Ситоиш Туро лоиқ ва сазо, ки аз моъи маъин халқ намудӣ ва дар аъло ғурафи иллийин мақарр ва мустақарр иноят фармудӣ. Аз Шаҷараи муборака инбот намудӣ ва ба найсони фазл парвариш додӣ ва ба насоими Аҳд ва Мисоқ муҳтаз фармудӣ.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14563)

Ҳуваллоҳ! Худоё! Шукр Туро, ки ин дил ва ҷон ба Ҷонон расондӣ. Ва ин бебаҳраро насиби бепоён бахшидӣ. Ин гумгаштаро ба Кӯи Хеш хондӣ. Ва ин саргаштаро дар паноҳи Худ сару сомон додӣ. Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Поянда ва Меҳрабон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14564)

Ҳуваллоҳ! Худоё! Туро шукр бод, ки ин бегонаро ошнои Хеш намудӣ ва ин бечораро ба паноҳи Худ роҳ додӣ. Ташнаи ҷонсӯхтаро оби ҳаёт бахшидӣ ва моҳии лабташнаро ба азби Фурот даровардӣ.
Лакал ҳамду ало золик. Иннака Антал– Каримур– Раҳимул– Ваҳҳоб.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14565)

Ҳувал Абҳо! Эй Парвардигор! Ин бечорагонро чорае бахш ва ин дармондагонро дармоне ато фармо ва ин бенавоёнро фазл ва эҳсоне ато фармо. Ин нуфуси заифаро дар паноҳи Ҳазратат паноҳе деҳ ва ин фақирони наҳифро қуввате иноят фармо.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14566)

Ҳувал Абҳо! Парвардигоро! Мӯри заифам ва пашшаи наҳиф. Бол ва паре шикаста дорам ва пое аз дурии бодияи ҳасрат ҳаста. Чашми гирёнам бин ва ҷигари сӯзонам назар фармо. Оҳ ва фиғонам ҷамъи туюрро ба фарёд оварда, ва оҳи пурҳасрати қалбам чун шуълаи сӯзон ба ҷони ҷаҳон оташ зада. Аз уфуқи Абҳоят файзи анвор кун ва аз малакути аълоят базли асрор намо. Эй Найсони иноят, бориш ва резиш арзон кун, ва Эй Шамси Ҳақикат, тобиш ва рахшиш фаровон бинамо. Шояд ин қулуби афсурда тоза ва зинда гардад ва ин нуфуси мурда ҳаёти беандоза ёбад.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14567)

Ҳуваллоҳ! Эй Худованди пурато! Сад ҳазор амир дар камандат асир, ва ҳазорон сарварон дар остонат посбон. Ин нафси нафис ба анфоси тайиби риёзи аҳадиятат машом муаттар намуда, ва ба мушоҳидаи оёти ваҳдониятат дида мунаввар карда. Ҳол монанди бози соъиди шаҳриёрӣ дар хатари тааррузи ҷуғдони ҳасуд ва зоғони ануд аст. Эй Парвардигор! Ту ҳифз ва ҳимоят фармо, ва бар ризоят муваффақ кун, ва ин ниҳоли беҳамоли боғи ҳидоятро ба файзи иноят ҳар дам тароват ва латофат ва тару тозагӣ ато фармо, то мири вафо гардад ва шамъи мунири анҷумани асфиё. Туӣ Муқтадир ва Тавоно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14568)

Ҳувал Абҳо! Эй Парвардигор! Туӣ Омурзгор ва малҷаъ ва паноҳи ҳар гунаҳкор. Бечорагонем, чорае бахш. Дардмандонем, дармоне ато фармо. Бесар ва сомонем, малҷаъ ва паноҳе деҳ. Гумгаштагонем, ба даргоҳ ҳидоят фармо. Оворагонем, манзил ва маъвое ато фармо. Туӣ Меҳрабон. Туӣ Раҳмон. Туӣ Маннон. Туӣ Мустаъон.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14569)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ёрон дар ҳар гӯша ва канор дар таҳти таҳдиди бегона ва ағёранд. Аз ҷон безор ва аз ҳар фикре дар каноранд. Рӯи Ту ҷӯянд ва сӯи Ту пӯянд, рози Ту гӯянд. Эй Дилбари меҳрабон! Бечорагонро аз бегонагон дар савни ҳимоят ҳифз ва сиёнат фармо. Ва афтодагонро ба яди қудрат баланд фармо. Ва бенасибонро ба файзи қадим баҳраи фаровон бахш. Маҳрумонро маҳрами асрор кун ва муштоқонро ба мавҳибати дидор бипарвар ва бинавоз, зеро асири он зулфи мушкборанд ва дар ҳар дам сад ҷон нисор намоянд. Туӣ Муқтадир ва Тавоно ва Туӣ Диҳанда ва Бахшанда ва Бино.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14570)

Ҳувал Абҳо Эй Яздони Меҳрабони ман! Эй Ҷони ман! Эй Ҷонони ман! Ту огаҳӣ бар ошкор ва пинҳони ман. Ин ёрон сармасти бодаи паймонанд ва паймона ба дасти базми кайҳон. Ахтарони осмони меҳри Туанд ва чароғони нурафшони сипеҳри Ту, ва мурғони чаманистони биҳишти Ту. Ин ахтаронро дурахшон кун ва ин чароғонро рахшанда ба нури бепоён. Ин мурғонро гулбонги паҳлавӣ биёмӯз ва ин парандагонро паррандагӣ дар осмони озодагӣ. Шаб ва рӯз ба ёди рӯи Туанд ва ошуфтаи мӯи Ту, ва шефтаи хӯи Ту, ва мадҳуши бӯи Ту, ва саргаштаи кӯи Ту. Сипос Туро, ситоиш Туро, ниёиш Туро, ки офаринишро ба партави бахшиш оростӣ, ва ҷойгоҳи ростонро дар ҷаҳони боло хостӣ.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14571)

Ҳувалбаҳиюл Абҳо! Эй Яздони Пок! Ин бандаи деринро андӯҳгин махоҳ. Шодмонии осмонӣ бахш ва фарри яздонӣ бидеҳ. Ситораи равшан намо ва гули гулшан кун. Сарвари остон намо ва афсари ҷаҳони боло бар сар неҳ. Рӯяшро бидурахшон ва гавҳарашро бияфшон. Ҷонашро мушкбор кун ва дилашро гулзор намо, то бӯи хӯи хушаш ҷонпарвар гардад, ва партави рӯяш афзун аз моҳ ва ахтар.Туӣ Меҳрабон ва Туӣ Бахшанда ва Тавоно.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14572)

Ҳуваллоҳ! Эй Парвардигор! Ин бандаи ҷоннисорро дар паноҳи Малакути Абҳоят маҳфуз ва масун дор ва дар зилли Шаҷараи Анисоят маҳфуз ва масрур. Қуввати тавҳид бахш, ва ояти тафрид фармо, ва ҷамъи аҳл ва атфол ва ёронашро дӯст дор.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#14573)

Ҳуваллоҳ! Торикии низоъ ва ҷидол ва қитол байни адён ва шууб ва ақвом уфуқи ҳақиқатро пӯшида ва пинҳон намуда, ҷаҳон мӯҳтоҷи нури ҳидоят аст. Пас, Эй Парвардигор! Инояте фармо, ки Шамси Ҳақиқат ҷаҳонро карон ба карон равшан намояд.

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

РОҲНАМОӢ ВА ҲИДОЯТ (#15690)

Ҳуваллоҳ Эй Парвардигор, Худовандо! Мо нотавонем; Туӣ Парвардигори қувват ва қудрат. Мо бечораем; Туӣ Пуршукуҳ, Азиз. Мо бенавоем; Туӣ Карим ва Дорандаи ҳама чиз. Баҳри хидмат бар Остони муқаддасат моро бо лутфи Худ ёрӣ деҳ. Ва барои ситоиши Ту дар субҳгоҳон моро бо файзи қувватбахши Худ мадад фармо. Моро имкон деҳ, то дар маҳалли тулуъи зикрат Туро ситоиш кунем. Бар нашри нафаҳоти муқаддасат дар миёни халқи Худ қодир кун, камари ҳиммат бибахш, то дар миёни бандагонат бар хидматат пардозем, ва битавонем ҳамаи халқҳоро ба Исми Аъзами Ту ҳидоят, ва ҳамаи мардумонро ба соҳилҳои уқёнуси пуршукуҳи ягонагии Ту роҳ намоем. Эй Худованд! Моро аз вобастагиҳо бар ин олам ва оламиён, аз гуноҳони гузашта ва аз мусибатҳое ки моро дар пешанд, наҷот деҳ, то тавонем Каломи Туро бо камоли шодӣ ва хуррамӣ баланд бардорем, ва шаб ва руз Туро ситоиш кунем, то тавонем ҳамаи мардумро ба роҳи ҳидоят даъват намоем, ва ба онҳо бирасонем, ки адолатро риоя кунанд. То тавонем оятҳои ягонагии Туро дар байни ҳамаи офариниш бихонем. Туӣ Қодир ба ҳар чизе, ки Туро писанд ояд. Ба ростӣ, Туӣ Ғолиб ва Тавоно. *тарҷума аз арабӣ

-`Abdu'l-Bahá
-----------------------

